Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлили аҳли Масеҳ аз иди Фусҳо


Имрӯз пайравони дини масеҳӣ дар саросари олам иди Фусҳоро таҷлил мекунанд. Ба бовари аҳли Масеҳ, Рӯзи Фусҳо рӯзи баъд аз се рӯзи дафн дубора зуҳур кардани Исои Масеҳ аст.
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар паёми идонааш дар як рӯз таҷлил шудани Иди Фусҳо аз ҷониби пайравони ҳамаи се мазҳаби асосии дини масеҳӣ - католикҳо, протестантҳо ва православиҳоро рамзӣ номид. Раҳбари Амрико Барак Обама хостори аз як гиребон сар баровардани пайравони кулли мазоҳиб шуд. Намоизи Иди Фусҳо дар Ватикан бо ҳузури попи Рум Бенедикти 16 аммо дар шароите доир шуд, ки гурӯҳе аз роҳибони калисои католикӣ ба бачабозӣ муттаҳам шудаанд.
XS
SM
MD
LG