Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Воизи попи Рум аз яҳудиён маъзарат хост


Воизи шахсии попи Рум Бенедикти 16 имрӯз ба дунболи бо “хушунати муштарак” алайҳи яҳудиён дар таърих муқоиса кардани ҳамалоти ахир алайҳи поп ва калисои католикӣ бар сари ҷанҷоли бачабозии роҳибон аз яҳудиён маъзарат хост. Рамеро Канталамесса гуфтааст, ки ӯ агар ба ҳассосиятҳои яҳудиён ва қурбониёни мавориди бачабозӣ расида бошад, дар воқеъ аз ин муттаассиф аст. Ҷамъиятҳои яҳудӣ дар саросари ҷаҳон маъвизаи рӯзи ҷумъаи ин воизи католикро ба боди шадиди интиқод кашиданд ва маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG