Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Расул Ҳодизода


Адиб ва мунаққиди маъруфи тоҷик Расул Ҳодизода субҳи имрӯз, 4 апрел дар синни 82 аз олам чашм пӯшид.
Расул Ҳодизода соли 1928 дар Самарқанд ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Осиёи Марказӣ дар Тошкандро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1954 дар пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар Душанбе ба кор пардохт ва ба истиснои фосиолаи кӯтоҳе дар солҳои 70-ум, боқӣ умрашро дар ҳамин маркази таҳқиқотӣ сарф кард.
Аз Расул Ҳодизода як силсила осори илмӣ ва ҳамчунин осори гаронбаҳои адабие низ боқӣ монда, ки романи “Ситорае дар тирашаб” дар бораи зиндагии Аҳмади Дониш, “Парвози Шоҳин” аз рӯзгори Шамсуддини Шоҳин ва “Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ” аз ҷумлаи муҳимтарин мероси ӯ барои адабиёти тоҷик дониста мешаванд. Дигар маҳсули хидмати ӯ ба адабиёт ба ҳуруфи сирилик баргардонидани осори классикони мо буд. Девони ашъори Рӯдакӣ, “Калила ва Димна”, “Асарҳои мунтахаб”-и Аҳмади Дониш, “Девон”-и Анварӣ, “Дафтари дилкушо”-и Соиб ва даҳҳо намунаҳои бебаҳои адабиёти ҳазорсолаи форсиро хонандаи тоҷик бо шарофати заҳматҳои Расули Ҳодизода бо хатти сирилик мутолиа кардааст.
XS
SM
MD
LG