Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор санади имзошуда бо Бруней Доруссалом ва ду санади ҳамкорӣ бо Сингапур натиҷаи сафари ҳайати Тоҷикистон дар раъси президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишварҳо гардид.

Бруней Доруссалом

Боздиди нахустини худро аз Бруней раисҷумҳури Тоҷикистон бо дидор бо султони он кишвар Ҳасаннул Болкиаҳ оғоз намуд.

Торнамои расмии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки дар дидори раҳбарони ду кишвар, ки баъдтар ба он ҳайатҳои расмӣ низ ҳамроҳ шудаанд, ҷонибҳо гуфтаанд, бунёди корхонаҳои муштараки саноати сабук, аз ҷумла доир ба коркарди меваю сабзавот, иштироки сармоягузорони Бруней Доруссалом дар истихроҷ ва коркарди захираҳои фаровони Тоҷикистон, аз ҷумла металҳо, сангҳои қимматбаҳову дигар маъданҳо ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.

Президенти Тоҷикистон аз султон Болкиаҳ даъват намудааст, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Пас аз музокирот ҷонибҳо чаҳор санади заминагузори ҳамкориҳоро имзо кардаанд:
- Созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз фоида ва сармоя;
- Тафоҳумномаи умумии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, маориф, фарҳанг, масъалаҳои ҷавонон ва варзиш;
- Созишнома дар бораи сафарҳои бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;
- Протокол миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар бораи машваратҳои дуҷониба.

Дар Бруней раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бо Амин Абдуллоҳ, мудири Оҷонсии сармоягузории салтанат ва Датопадука Тимотий Онг, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи рушди иқтисоди Бруней мулоқот доштааст. Дар ин дидор масъулони иқтисодии Бруней раисҷумҳури Тоҷикистонро бо роҳҳои рушди иқтисодӣ ва сармоягузории давлаташон шинос кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки сарчашмаи асосии рушди иқтисодӣ ва воридоти сармоя ба Бруней аз фурўши нафту газ ва сармоягузорӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Иттилоъ дода шудааст, ки аз ҷиҳати сатҳи зиндагии мардум Бруней на танҳо дар минтақаи Осиёи ҷанубу шарқӣ, балки миёни ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ дар ҷойи аввал меистад.

Ба қавли дафтари матбуоти президент Раҳмон, ҷониби Бруней ба иштирок дар истихроҷ, коркард ва содироти захираҳои фаровони табиати Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.

Сингапур

Ин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон аз Сингапур оғоз гардида буд. Президент Раҳмон ба Сингапур низ бори аввал рафт.
Президент Раҳмон дар мулоқот бо мизбони сафараш, ҳамтои сингапурияш Селлапан Рама Натан гуфтааст, «кишвари мо барои рушди муносибатҳо бо Сингапур чун яке аз кишварҳои мутараққии олам аҳамияти хоса медиҳад ва мо ба густариши ҳамкории судманд дар ҳама арсаҳо манфиатдорем”.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ин мулоқот ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва сармояузорӣ дар соҳаҳои гидроэнержӣ, обтаъминкунӣ, кишоварзӣ, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзиву маъданҳои кўҳӣ ва техникаю технологияи муосир аз самтҳои асосии робитаҳои минбаъдаи Тоҷикистону Сингапур арзёбӣ гардид. Президент Селлапан Рама Натан барои сафар ба Тоҷикистон даъват шуд.

Сипас, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сарвазири Сингапур Ли Хсин Лунг мулоқот кард ва баъд аз он мулоқот ду санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст:
- Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур;
- Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Сингапур;

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Сингапур дар форуми соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар иштирок ва суханронӣ намудааст. Торнигори
расмии ҷаноби Раҳмон хабар медиҳад, ки пас аз ин форум Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сингапурии Нобел груп оид ба маблағгузории сохтмони нерўгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои металлургияи ранга, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва ангишт ба имзо расидааст. Ин ширкат панҷ сол боз аллакай дар Тоҷикистон фаъолият доштааст ва санади нави имзошуда ҳамкорӣ барои 10 соли ояндаро дар назар доштааст. Гардиши солонаи молии ин ширкат беш аз 40 миллиард долларро ташкил медодааст.

Дар Сингапур раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин чанд дидори дигар доштааст ва боз аз биржаи Сингапур низ дидан кардааст.

Ба хотири ҳамкориҳои тиҷоратӣ

Ҳадафи аслӣ аз ин сафарҳо ба роҳ мондани ҳамкориҳои хуби тиҷоратии Тоҷикистон бо ин кишварҳо ва ҷалби сармоя ба тарҳҳои тиҷоратии Тоҷикистон номида шудааст.

Дар бораи табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва салтанати Бруней омори расмие дастрас нест, вале тиҷорати Душанбе бо Сингапур соли гузашта ҳамагӣ 84 100 доллар, вале тайи ду моҳи аввали соли равон аллакай наздики 120 000 доллари амрикоиро ташкил додааст.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро як қатор намояндагони баландпояи кишвар, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, раиси бонки миллӣ Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва як гурўҳи соҳибкорону тоҷирон ҳамроҳӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG