Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исрори Карзай ба назорати бештар бар интихоботҳо


Маҷлиси болоии парлумони Афғонистон аз қарори раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай ҷиҳати маҳдуд кардани нақши хориҷиён дар интихоботҳо пуштибонӣ кард. Дастури Карзай салоҳияти СММ дар мавриди таъйини аъзои куммиссиюни мустақили баррасии шикоёти интихоботиро коҳиш медиҳад.
Ҳамин куммиссиюн пирӯзии эълоншудаи Карзай дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар моҳи августи соли гузаштаро лағв карда буд.
Рӯзи чоршанбе маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон қарори Карзай ҷиҳати касби назорати бештар бар фаъолияти ин куммиссиюнро радд кард.
XS
SM
MD
LG