Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди куштаҳо дар Оракзай аз 30 гузашт


Набарди нирӯҳои Покистон бо ҷангиёни дар минтақаи қабиланишин ва бо Афғонистон ҳаммарзи Оракзай паноҳбурда мунҷар ба ҳалокати 6 сарбоз ва ҳудуди 30 чирикӣ шуд. Амалиёти алайҳи ҷангиён дар Оракзай дар миёнаи моҳи март оғоз ёфт. Самиуллоҳ, як мақоми давлатӣ гуфтааст, нирӯҳои Покистон тайи 3 ҳафтаи охир дар ин минтақа тақрибан 250 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд. Аммо тайиди ин иддао аз ҷониби манобеъи мустақил ғайримумкин ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG