Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Гулсара Раҷабова, як сокини миёнсоли шаҳри Душанбе, се рӯз мешавад, ки ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандони хурдсоли худ дар берун аз манзилаш ба сар мебарад. Ӯмегӯяд, онҳоро аз манзилашон дар бинои як хобгоҳи воқеъ дар маҳаллаи 46-уми ноҳияи Фирдавсӣ соҳиби бино бидуни кадом огоҳӣ берун рондааст: “Ҳафт сол аст, ки дар ҳамин бинои хобгоҳ зиндагӣ мекунем. Ҳуҷҷатҳо дорем. Аммо моро берун карданд. Ба мо гуфтанд, ки ин биноро харидем, шумо берун равед”.

Аммо Гулсара танҳо нест. Ҳудудан 50 хонаводаи дигар низ дар қатори ӯ аз хобгоҳ берун шудаанд. Онҳо мегӯянд, ҷое барои рафтан надоранд ва уммед ба мақомот мебанданд, ки дар ниҳоят илоҷи ин мушкилро биёбанд: “Замони интихобот аз ҳамаи мардум хоҳиш мекунанд, ки овоз диҳед. Мо ба дили пур овоз медиҳем. Ку ҳамон депутатҳое, ки ба онҳо овоз додаем? Дар куҷоянд ҳамон депутатҳо? Имрӯз ҳич кас ба доди халқ намерасад”.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Мирзоанвар Наҷмиддинов, як сокини дигари ҳамин хобгоҳ, то ин муддат на додситонӣ ва на додгоҳ ба мушкили онҳо расидагӣ накардаанд: “Ба ҳама ҷо муроҷиат кардем. То додгоҳи олии иқтисодӣ, додгоҳи ноҳия ва ҳамчунин Шӯрои адлия. Аммо ҳамаи инҳо мегӯянд, ки шумо дер кардед”.

Хобгоҳи маҳаллаи 46-ум, ки дар гузашта дар ихтиёри корхонаи хонасозии Душанбе будааст, ҳоло ба гуфтаи шоҳидон дар зери раҳбарии як сокини ҳамин шаҳр Баҳодур Саъдуллоев қарор дорад. Шоҳидон мегӯянд, оқои Саъдуллоев ин бинои хобгоҳро дар соли 2006 дар асоси як музояда аз давлат харидорӣ намудааст.

Пайдо кардани худи Баҳодур Саъдуллоев ба мо муяссар нашуд. Вале афроди наздик ба ӯ гуфтанд, ки оқои Саъдуллоев ин гурӯҳи сокинонро барои дар вақташ пардохт накардани ҳаққи иҷора ва ҳаққи хидмати коммуналӣ берун кардааст.

Замоне ки мо ба назди хобгоҳ омадем, тӯдаи кӯрпаву кӯрпачаҳо, таҷҳизоти зарурӣ барои хона, кӯдакони беҳолу пойлуч ва ҳамчунин занону мардонеро дидем, ки ё болои кӯрпача дар рӯи замин ва ё ҳамроҳи фарзандони худ дар дохили мусофирбарҳо мехобиданд. Онҳо иддаои соҳибони ин биноро рад карда ва гуфтанд, ки ҳар моҳ 150 сомонӣ, муодили тақрибан 35 доллари амрикоӣ пули иҷора пардохт мекарданд.

Аксари сокинони хобгоҳ аз маризу нотавон ва камбизоат будани худ шикоят мекунанд ва дар ташвишанд, ки фарзандони онҳо дигар наметавонанд ба мактаб рафта, ба таҳсили худ идома диҳанд. Як сокини хобгоҳ, ки гирифтори бемории қанд будааст, гуфт: “Ин чӣ хел давлатдориву чӣ хел ҳукуматдорист? Дигар намефаҳмем, додамонро ба кӣ гуему ба кӣ муроҷиат кунем. Наход, пулдор биноро хараду ин мардуми камбизоат дар берун нишинад?”

Бо ин ҳол, гурӯҳе аз сокинон бо пардохти маблағи бештаре дар хобгоҳ боқӣ мондаанду гурӯҳе дигар харитаи муҳоҷират ба Қазоқистону Русияро мекашанд. Афроди наздик ба соҳиби бино низ мегӯянд, ки онҳо дар фикри тармим ва азнавсозии қисмате аз бино ҳастанд ва сипас дубора хоҳишмандонро ба он ҷо даъват хоҳанд кард. Вале кай ва зери кадом шароит? Ин суолест, ки ҳудуди 50 хонаводаи аллакай дар кӯча монда дар ёфтани посухи он сардаргум шудааст.

Вобаста

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG