Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 мардикори тоҷик дар Маскаву Петербург


Се муҳоҷири кории тоҷик шаби ҷумъа ба шанбе бар асари танаффуси дуди бухорӣ дар сохтмоне дар маркази шаҳри Маскав ҳалок шудаанд. Бино ба хабарҳо, як мардикори 47-солаи тоҷик ахиран дар Санкт-Петербург низ аз боми манзили нимсохте уфтода, ҷон додааст. Тафтиши ҳарду қазия идома дорад.
Ҳамасола то 1 миллион нафар аз Тоҷикистон ба хотири кор ба Русия муҳоҷират мекунанд. Бонки ҷаҳонӣ саҳми муҳоҷирони тоҷик дар соли 2008-умро муодили қариб 50 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баровард кардааст. Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ҷанозаи 784 муҳоҷир оварда шуд.
XS
SM
MD
LG