Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 7 нафар дар ду садама дар Ғончиву Дарвоз


Рӯзи ҷумъа ду садамаи нақлиётӣ дар ҷодаҳои Тоҷикистон 7 кушта ба ҷо гузошт. Ронанда ва 5 мусофири як мошини “Опел-Вектра” бар асари дар ҳудуди ноҳияи Ғончии вилояти Суғд, дар километри 256-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, бо мошини “КамАЗ” бархӯрдани ин мошин ҷон бохтанд. Ва ба варта сарозер шудани як микроавтобус дар ноҳияи Дарвоз, дар километри 377-уми шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб- Кӯлма мунҷар ба ҳалокати яке аз мусофирони ин микроавтобус шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG