Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Аҳмадинажод аз нокомии талошҳои Обама


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар як паёми телевизионӣ гуфт, фишори дунё ба азми Ҷумҳурии исломӣ барои идомаи барномаҳои ҳастаияш танҳо хоҳад афзуд. Ӯ бо муроҷиат ба қудратҳои ҷаҳонӣ гуфт, “ шумо метавонед гулӯ бидаронед, болову пойин бипаред, баёнияҳо нашр кунед, қатъномаҳо қабул кунед, вале фикр накунед, ки битавонед монеъи пешрафти мардуми Эрон шавед.” Аҳмадинажод афзуд, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бар хилофи ваъдаҳое, ки дода буд, ба тағйироти воқеъие даст наёфт. Обама дар пайи нишастанаш ба раҳбарии Амрико дар қиболи Эрон як силсила тадобири дипломатӣ рӯи даст гирифт, вале Вошингтон баъдан бо талаби қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум ба эъмоли даври нави таҳримот алайҳи Эрон даъват кард.
XS
SM
MD
LG