Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ҳалокати 5 афғонро таъйид кард


НАТО мегӯяд, нирӯҳои олмонии мустақар дар шимоли Афғонистон дастикам 5 сарбози афғонро иштибоҳан ба ҳалокат расондаанд. Ба гуфтаи НАТО, сарбозони олмонӣ ду мошини бидуни шумораро манъ дар як посгоҳ дар вилояти Қундуз манъ карданд, вале онҳо аз итоат ба ин амр сар печидаанд.
Қаблан волии Қундуз Муҳаммадумар дар бораи ҳалокати 6 сарбози афғон хабар дод ва гуфт, асокири Урдуи давлатӣ замоне кушта шуданд, ки аз Чордара, як гӯшаи ошӯбзадаи ин вилоят ба шаҳри Қундуз бармегаштанд.
Олмон дар шимоли Афғонистон ҳудуди 4500 сарбоз дорад. Даргирии ахир дар ҳолест, ки ахиран дар як набард бо чирикиҳо се сарбози Олмон низ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG