Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати дастикам 20 ҷангӣ дар набарди Оракзай


Мақомоти Покистон мегӯянд, нирӯҳои амниятӣ дар минтақаи қабиланишини Оракзай дар наздикии марз бо Афғонистон дастикам 20 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд.
Самиуллоҳ, як мақоми маҳаллӣ гуфтааст, нирӯҳои давлат рӯзи шанбе дар пайи як набарди сангин 6 чирикии дигарро асир гирифтанд. Нирӯҳои Покистон дар миёнаи моҳи март дар Оракзай амалиётеро алайҳи ҷангиёни дар ин минтақа паноҳбурда ба роҳ андохтанд. Набардҳо ҳамчунин мунҷар ба фирори дастикам 10 000 нафар аз сокинони Оракзай шудааст, ки феълан дар урдугоҳе дар минтақаи Коҳат паноҳ ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG