Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи нақби Шаҳристон мавқуф гузошта шуд


Мӯҳлати анҷоми эҳдоси нақби Шаҳристон то моҳи сентябри соли 2001 ба таъхир гузошта шуд. Қаблан қарор буд, ки ин нақб алакай дар поёни соли равон ба истифода дода шавад.
Раҳбари маркази иҷрои тарҳи бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ Қодир Саидов ба хабаргузории “Авасто” гуфтааст, иҷрои тарҳи эҳдоси нақби Шаҳристон бо дархости ширкати China Road ва ба далели монеъи корҳои сохтмонӣ шудани тармарезиҳои имсола ба таъхир гузошта шуд.
Тӯли нақби Шаҳристон беш аз 5 километр буда, ҳазинаи бунёдаш наздики 52 миллион доллар ҳисоб шудааст.
Сохтмони ин нақби муҳим дар танҳо шоҳроҳе, ки ҷануб ва маркази Тоҷикистонро бо маркази вилояти Суғд мепайвандад, бар пояи қарзи давлати Чин амалӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG