Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори ташвиши Бан Кӣ Мун аз таъқиби матбуот


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун рӯзи шанбе дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон гуфт, таъқиби матбуоти мустақил дар ин кишвар ӯро ба ташвиш овардааст. Хабаргузории Ройтерс аз қавли як мақоми СММ гуфт, ки Бан Кӣ Мун дар ин бора дар мулоқот бо вазири хориҷаи Қирғизистон Қодир Сарбоев ҳарф задааст. Раҳбари СММ, ки нахустин сафараш ба Осиёи Марказиро аз Туркманистон оғоз кард, раҳбари он кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар Туркманистон даъват кардааст. Бан Кӣ Мун рӯзи якшанбе ба Узбакистон ва рӯзи 5 апрел ба Тоҷикистон сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG