Пайвандҳои дастрасӣ

Акнун метавон аз Тоҷикистон ба Уфа парвоз кард


Ширкати “Уралские авиалинии” аз рӯзи 3 апрел ба анҷоми парвозҳо дар масири Уфа–Душанбе ва Уфа-Хуҷанд оғоз мекунад. Тоҳир Муҳаммадшин, як намояндаи фурудгоҳи пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия бо изҳори хушӣ аз ифтитоҳи хатти парвоз миёни Уфа ва шаҳрҳои Тоҷикистон гуфтааст, ин рӯзро ҷамъияти тоҷикони муқими ин қаламрав дер боз мунтазир буданд. Оқои Муҳаммадшин изҳори итминон карда, ки ҳавопаймоҳо дар ин ду масири ҷадид бемусофир намемонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG