Пайвандҳои дастрасӣ

Фурӯши саҳмияҳои Роғун ба 800 миллион наздик шуд


Сармояи бадастомада аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун ба 800 миллион сомонӣ наздик шудааст. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, то 31 март аз ҳисоби фурӯши ин саҳмияҳо 798 миллион сомонӣ, муодили қариб 173 миллион доллар ба даст омадааст.
Тоҷикистон аз 6 январ саҳмияҳои ин нирӯгоҳи барояш фавқулодда муҳимро ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ ба фурӯш гузошт. Вале агар то поёни моҳи январ саҳмияҳои Роғун ба маблағи қариб 700 миллион сомонӣ ба фурӯш рафта бошад, баъдан суръати саҳмияфурӯшӣ башиддат кунд шуд ва тайи моҳҳои февралу март саҳмияҳои Роғун ба маблағи ҳамагӣ наздики 100 миллион сомонӣ фурӯхта шудааст.
Ин дар ҳолест ки ҷамъи ҳазинаи сохтмони Роғун дар ҳудуди аз 2 то 3 миллиард доллар тахмин зада мешавад.
XS
SM
MD
LG