Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги чаҳор муҳоҷири тоҷик дар Русия


Бино ба хабарҳои расида аз Русия, тайи як шабонарӯзи гузашта дар ду шаҳри Маскав ва Санкт-Петербурги ин кишвар 4 муҳоҷири тоҷик бар асари тасодуми фаннӣ ва як тасодуф дар сохтмон ҷони худро аз даст доданд.

Се мардикори тоҷик шаби ҷумъа ба шанбеи 3-юми апрел дар сохтмоне дар шоҳроҳи Ленинградсаяи пойтахти Русия бар асари танаффуси дуди бухорӣ ҳалок шуданд. Мақомоти Маскав мегӯянд, ба таҳқиқи ин қазия оғоз карда ва барои тафтишот дар ҳоли ҳозир фарзияи асосӣ хуруҷи дуди солярка ба иллати истифодаи нодурусти мардикорон аз бухорист.

Шаҳрванди дигари 47-солаи Тоҷикистон ахир аз боми манзили баландошёнаи нимсохте дар ноҳияи Приморскаяи шаҳри Санкт-Петербург ҷон бохтааст.

Ҳамасола то як миллион нафар аз мардуми Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани рӯзии хонаводаҳояшон худро ба бозори кори Русия мезананд, вале фақат тибқи омори расмӣ, дар соли 2008 аз Русия ба Тоҷикистон ҷанозаи 681 муҳоҷири тоҷик, ва аммо дар соли гузашта алакай аҷсоди 784 тоҷик, яъне 103 тобут бештар овардаанд.

Ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамалоти гурӯҳҳои қавмгаро, маризиҳо ва тасодумҳои нақлиётиро аз иллатҳои асосии марги мардикорони тоҷик дар мусофират ном мебаранд, вале мегӯянд, як бахши аъзами онҳо дар ҷойи кор ҷон медиҳанд ва пеш аз ҳама ба далели набуди як шароити шоистаи корӣ.

Абдуллоҳи Саттор, раиси Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳалокати се муҳоҷири тоҷик дар як сохтмон дар шаҳри Маскавро таъйид кард ва гуфт, ба созмони ӯ ҳаррӯз дар бораи ҳалокати мардикорони тоҷик дар ин ё он гӯшаи Русия гузориш мерасад.



Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки низ аз пойтахти ин кишвар бо мо сӯҳбат кард, низ таҳияи заминаҳои комили ҳуқуқӣ ба хотири таъмини шароити шоистаи кору зиндагии муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишвар фавқулодда лозим медонад.

XS
SM
MD
LG