Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садамаи автомобилӣ шаш ҷавонро рабуд


Дар як садамаи автомобилӣ дар ноҳияи Ғончии Тоҷикистон шаш нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дафтари матбуоти БДА-и вилояти Суғд хабар медиҳад, ки садама дар 257-ум километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ рух додааст.

Ба гуфтаи Фахриддини Аваззода, намояндаи БДА-и Суғд, Илёр Белдиёрови 27-сола, сокини ноҳияи Ғончӣ, ронандаи мошини Опел-Вектра ҳангоми ҳаракат аз Истаравшан ба сӯи Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба самти муқобили роҳ мебарояд ва ба КАМАЗ бармехӯрад.

Дар натиҷа ронандаи Опел ва ҳар панҷ мусофири он, ки ҳамагӣ ҳамсол ва аз як деҳа будаанд, дар маҳалли ҳодиса ҷонашонро аз даст додаанд.Ҳодиса шоми якуми апрел рух додааст. Исми панҷ мусофири дигари ҳалокшуда, ки ҳамагӣ дар соли 1984 таваллуд шуда будаанд ва аз як деҳа будаанд, чунин аст:

Маҳмудов Санҷар
Ҳалимов Лочинбек
Хуҷақулов Аҳмадҷон
Аҳмадов Тоҳирҷон
Қодиров Отабек

Бино бар иттилоъи БДА-и вилояти Суғд, дар се моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 86 садамаи нақлиётӣ рух дода, 21 нафарро куштааст ва 92 нафарро маҷрӯҳ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG