Пайвандҳои дастрасӣ

Се сарбози Олмон дар ҷанг бо Толибон кушта шуд


Олмон эълом кард, ки дар як набарди шадид бо ҷангҷӯёни Толиб, се сарбозашро талаф додааст ва панҷ тани дигарашон низ башиддат захмӣ шудаанд. Артиши Олмон гуфт, ҷангҷӯён ба гурӯҳи гаштзании сарбозони олмонӣ дар вилояти шимолии Қундуз ҳамла кардаанд ва ба гуфтаи Абдулвоҳид Умархел дар ин ҳамла 200 ҷангҷӯи Толиб ширкат доштаанд. Хабаргузории “Франс Пресс” мегӯяд, аз замони эъзоми нерӯҳояш ба Афғонистон дар соли 2002, Олмон то кунун 39 сарбозашро талаф додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG