Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми "аҷиби" Ироқ барои мубориза бо фасод


Ниҳоди мубориза бо фасод дар Ироқ мегӯяд, 90 мақоми расмӣ, аз ҷумла баъзе аз додрасҳову, сафиронро барои пешниҳод накардани эъломияи даромад, барои муваққат аз кор сабукдӯш кардаанд. Абдул Раҳим Уқайлӣ, раҳбари ин ниҳод, гуфт, ин мансабдорон аз ҷумла, шаш сафир дархостҳои батакрор барои супурдани эъломияи даромадро нодида гирифтанд ва аз ин рӯ чунин чорае нисбати онҳо андешида шуд. Аммо Саъад Муталлибӣ мушовири сиёсӣ дар ҳукумати Ироқ гуфтааст, ошкор накардани эъломияи даромад, маънии фосид будани ҳамаи мақомотро надорад, зеро қонуни марбута печида аст ва ба зиндагии хусусии мақомоти расмӣ ҳам дахолат мекунад. Бар асоси қонуни Ироқ, тамоми мақомоти расмӣ бояд муназзам эъломияи даромади худро ба ниҳоди марбута пешниҳод намоянд. Созмони Шафофияти Байналмилал, Ироқро аз кишварҳои фосидтарини дунё хонда ва дар шохис худ онро дар мақоми 167 қарор додааст.
XS
SM
MD
LG