Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Покистон истеъфо дод


Додситони кулли Покистон имрӯз аз мақомаш истеъфо дода ва баҳси Осиф Алӣ Зардорӣ раиси ҷумҳур ва низоми додгоҳӣ дар ин кишварро доғтар кард. Анвар Мансур гуфт, аз он сабаб истеъфо додааст, ки “на вазири адлия ва на вазорати адлия” бо ӯ ҳамкорӣ намекарданд.” Додгоҳи Олии Покистон, ҳафтаи гузашта, қарореро беэътибор намуд, ки намегузошт, фаъолияти Осиф Алӣ Зардорӣ ва дигар мақомоти баландпоя дар иртибот ба иттиҳомоти фасодкорӣ дар соли 1990 таҳқиқ шавад. Ва додгоҳ ҳамин ҳафта амр дод, то додситони кулл ҳамроҳ бо вазорати адлия ва ниҳоди мубориза бо фасод доир ба ифтитоҳи дубораи парвандаи пулшӯӣ дар Швейтсария то рӯзи душанбе гузориш диҳад
XS
SM
MD
LG