Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Маскав афзуд


Бо даргузашти як маҷрӯҳи 51-солаи дигар дар шифохона, теъдоди қурбониёни ду бомбгузории маргбор дар метрои шаҳри Маскав ба 40 нафар расид. Ҳаштоду чаҳор захмии дигар дар бемористонҳо боқӣ мемонанд. Пештар аз ин матбуоти Русия хабар дод, ки муфаттишон ҳуввияти як зани бомбгузорро ташхис кардаанд ва ӯ ҳамсари бевамондаи як тундрав аз Доғистон будааст, ки дар инҷо ҳам рӯзи чаҳоршанбе як бомбгузории интиҳорӣ сурат гирифт. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз зимни мулоқот бо раҳбарони аҳзоби сиёсӣ гуфт, тафтиши ҳамлаҳо сареъ анҷом мешавад. Ӯ вазъи Доғистонро баъди бозгашташ аз онҷо, “собиту ором” хонд.
XS
SM
MD
LG