Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони деҳаи наздимарзии Равоти ноҳияи Конибодом мегӯянд, марзбонҳои узбак аз байни ин деҳа симхор кашида ва хандақ кофта, онҳоро аз заминҳои кишти худ ҷудо кардаанд.

Сокинони деҳаи Равот даъво доранд, заминашон баргардонида шавад, ё то муайян шудани хати марз дар ин маҳал ҳаққи истифодаи онро дошта бошанд.

Мардуми деҳаи Равот бо деҳқониву заминдорӣ ризқу рӯзӣ ба даст меоранд ва аз сӯҳбат бо сокинони ин маҳал маълум шуд, ки аз даст рафтани ҳудуди 60 гектар заминашон онҳоро нигарон кардааст.

Қаблан хатти эҳтимолии марз чанд километр дур аз канори деҳа мегузашт, вале соли гузашта ҷониби Узбакистон посгоҳ гузошт ва деҳаро ду тақсим кард ...
Иноят Холматова, як сокини ин маҳал, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, «ман он ҷо якуним гектар замин дорам. 20 сол кор карда, боғ сохта будем. Акнун пеши чашмамон хушк шуда истодааст. Сарҳадбонҳои Узбакистон гузаштан намемонанд. Чӣ кор кунем? Зиндагии мо аз ҳамин замин буд... »

Сӯҳбат бо сокинони Равот дар роҳ ба сӯи замини талошӣ сурат мегирифт. Аммо дар канори деҳа ду марзбони мусаллаҳи тоҷик пеши роҳи моро гирифтанд. Дуртар сарҳадбонҳои Узбакистон роҳро аз канори деҳа ҷое бо садҳои бетонӣ, ҷое бо хандақ баста буданд.

Деҳаи Равоти Конибодом, 80-километрии Хуҷанд, бо ноҳияи Бешариқи Узбакистон ҳамарз аст. Ба гуфтаи сокинони ин маҳал, то соли гузашта хатти эҳтимолии марз чанд километр дур аз канори деҳа мегузашт, вале соли гузашта ҷониби Узбакистон посгоҳ гузошт ва деҳаро ду тақсим кард.

Марзҳо баста аст ва ба равуои озоди шаҳрвандони ҳар ду кишвар иҷозат нест. Сарҳадбонони силаҳбадасти тоҷику узбак шадидан хатти марзро зери назорат гирифтаанд. Ягона гузаргоҳи марзии Патар дар Конибодом, ки барои гузари нақлиёт ва сокинон боз буд, фаъол нест.

Сокинони деҳаи Равот нақл карданд, ки то соли гузашта онҳо бо сад мушкилӣ ва таҳти назорати шадиди марзбонҳои Узбакистон метавонистанд ба заминҳои худ гузашта, ҳосили онро ҷамъ кунад. Имсол аз чунин имконият пурра маҳрум гаштанд.

Ҳанифахон Юсупова, раиси ҷамоати деҳоти Пӯлодон, ки деҳаи Равот ба ин ҷамоат дохил мешавад, гуфт, ба ҳама мақомот ва идораву ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон ҷиҳати баргардонидани заминҳои худ муроҷиат кардаанд, аммо то ҳол натиҷае надодааст. Вай афзуд, ки ахиран ба намояндаи нави Конибодом дар парлумони кишвар бо номае муроҷиат карданд, то ин мушкил дар сатҳи парлумонӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад .

Ба гуфтаи вай, ин замин аз қадим ва аз рӯи харитаҳои давраи шӯравӣ низ ба сокинони Тоҷикистон тааллуқ дошт. Соли 2002 вақти марзбандӣ Узбакистон онро ба қаламрави худ дохил кард.

Ба гуфтаи хонум Юсупова, марзбонҳои узбак гуфтаанд, онҳо аз раҳбарони худ фармон гирифтаанд, ки то муайян шудани хатти марзи байнидавлатӣ сокинони Тоҷикистонро дигар ба ин замин роҳ надиҳанд.

Тоҷикистону Узбакистон дар вилояти Суғд ҳудуди 900 километр хати марз доранд, ки қисмати асосии он муайян шуда, танҳо чанд минтақаи хурд баҳснок боқӣ мондааст. Замини деҳаи Равоти ноҳияи Конибодом аз ҷониби Узбакистон ба қатори минтақаҳои баҳснок ворид карда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG