Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушкили давлати Афғонистон бо сармояи инсонӣ


Амрико аз ҳукумати Афғонистон боз ҳам хостааст, барои таҳкими ниҳодҳои идорӣ ва таъмини амният дар кишвар масъулияти бештареро бар дӯш бигирад. Аммо Сайид Тайиб Ҷавод, сафири Афғонистон дар Вашингтон мегӯяд, кишвараш қодир ба иҷрои чунин масъулиятҳо нахоҳад буд.

Сафири Афғонистон дар ИМА мегӯяд, “бидуни сармояи инсонӣ ва иҷтимоӣ” бар дӯш гирифтан ва иҷрои чунин масъулиятҳо амри номумкин аст.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи 25 март ба конгресси он кишвар рафт, то барои амалиётҳои вазорат дар Афғонистон ду миллиард доллари изофӣ тақозо намояд.

Амалиёти низомӣ ба дурустӣ дар сархати хабарҳо қарор дорад, аммо ончӣ ки дар паси саҳна мегузарад, аҳамияти яксон дорад. Он тавре, ки раҳбарони низомии мо мегӯянд, баъд аз поксозӣ, мо бояд минтақаро ҳифз, бозсозӣ кунем ва таҳвил намоем.

Хонум Клинтон гуфт, 2 миллиард доллари изофӣ барои такрори муваффақиятҳои монанди Марҷаъ истифода мешавад. Минтақае, ки ба ҳадди кофӣ поксозӣ ва замина ҳам барои сохтани мактабҳои нав, дафтари додситонӣ ва муассисаҳои дигар фароҳам шудааст. Ин кор ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Амрико, ба афғонҳо барои такя ба худашон дар оянда кӯмак хоҳад кард.

Сайид Тайиб Ҷавод, сафири Афғонистон дар Амрико дар масъалаи поксозиву бунёду таҳвил бо Ҳилларӣ Клинтон мувофиқ аст, аммо ӯ нигарон аст, ки дар Афғонистон бозсозӣ ва ё бозсозиҳои зарурӣ ба қадри кофӣ сурат намегирад.

Вай рӯзи 31 март дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Амрико гуфт: “Ҳоло мо пулҳои зиёде барои сохтани муассисаҳо харҷ мекунем, бидуни ин ки барои овардани афғонҳои шоистаи раҳбарии ин муассисот пул харҷ кунем. Онҳо ё тарбия нашудаанд, ё ба онҳо имтиёзҳои кофии молӣ пешниҳднамедиҳанд, то онҳо дар ин муассисаҳо кор кунанд. Биноан лозим аст, то раҳбариро тавсиа ва инкишоф диҳем, то муассисоти гаронқимат, фаъол ва коро шаванд. Дар ғайри он пулҳо ҳама зоеъ мешаванд”.

Сафири Афғонистон гуфт, сармоягузорӣ дар умури инсонӣ ва иҷтимоӣ як амри ҳаётӣ ва калиди суботу шукуфоии ояндаи Афғонистон аст. Изҳороти Сайид Тайиб Ҷавод дар замонест, ки гурӯҳеро бо номи “Ниҳоди Афғонистон” таъсис додаанд.

Гурӯҳи мазкур, ки аз тарафи ҳайъати байналмилалии мудирон идора хоҳад шуд, ба ҳайси як ниҳоди қабул ва таҳвили тарҳҳои бахши иҷтимоӣ, ба мисли маориф дар Афғонистон фаъолият хоҳад кард. Сафири Афғонистон гуфт, ин ниҳод ҳамчунин кӯмак хоҳад кард, то аз фасод дар истифодаи ин пулҳо ҷилавгирӣ шавад, ки ҳамин фасод роҳи сармоягузорони хориҷӣ ба Афғонистонро бастааст.

Сафири Афғонистон ҳамчунин гуфт, маъмурияти ин ниҳод ба даъватҳои батакрори Барак Обама ва дигар мақомоти олирутбаи Амрико дар як радиф қарор дорад, ки аз афғонҳо хостаанд, ибтикоротро ба дасти худ бигиранд.

Сайид Таийб Ҷавод афзуд, сафари ғайримунтазираи Барак Обама дар рӯзи 28 март ба Афғонистонро як даъвати дигари ӯ аз афғонҳо мебинад, ки бояд масъулиятҳои бештарро бар дӯш бигиранд. Сафири Афғонистон аз стротежии Барак Обама барои афзоиши низомиён дар Афғонистон, ки бо афзоиши мураббиёну кормандон ҳамроҳ аст, ситоиш кард, аммо гуфт, дар баъзе маворид манобеъи кофӣ барои иҷрои тарҳҳо вуҷуд надорад.

Дар баъзе маврид, муваффақият, талабҳои бештарро ба вуҷуд меорад. Масалан тайи 7 соли ахир теъдоди муҳассилини донишгоҳҳои олӣ дар Афғонистон аз 4 ҳазор то ба 76 ҳазор нафар расидааст ва ин суол ҳам халқ шудааст, ки акнун кӣ бояд омӯзгоронро тарбия намояд, ки Афғонистон ба онҳо мӯҳтоҷ аст.
XS
SM
MD
LG