Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз созмонҳои ҳуқуқи башари қирғиз аз Бан Кӣ Мун, Дабири кулли СММ, даъват кардаанд, ки зимни мулоқот бо мақомоти кишварашон ба вазъи ҳуқуқи башар таваҷҷӯҳ кунад.

Ба гуфтаи созмонҳои дидбони ҳуқуқи башари ин кишвар дар чаҳор соли ахир 58 журналист мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Инчунин, қотилони журналистон Алишер Соҳибов ва Геннадий Павлюк ҳанӯз ҳам дар озодӣ ба сар мебаранд.

Созмонҳои ҳуқуқи башари «Интербилим», «Қилим шами» ё «Шамъи аср» ва эътилофи «Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ», аз бадшавии вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар Қирғизистон ибрози нигаронӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ки шиканҷа ва истифодаи усулҳои бераҳмона алайҳи маҳбусон дар зиндонҳо Қирғизистон афзоиш ёфтааст.

Чулпон Ҷакупова, як ҳомии ҳуқуқи башари қирғиз гуфт, Бан Кӣ Мун бояд барои чанд дақиқа бо созмонҳои ҳуқуқи башар мулоқот кунад, то ки аз вазъи воқеии ҳуқуқи башар дар Қирғизистон огаҳ шавад.
Созмонҳои дидбони ҳуқуқи башари қирғиз ҳамчунин бастани нашрияҳои «Форум», «Ачиқ сиёсат» ё «Сиёсати кушод» ва «Назар»-ро ки мӯҳтавои оппозисиюнӣ доштанд ва мусодираи маводи фаннии шабакаи мустақили телевизионии «Стан-ТВ»-ро баёнгари зери суол қарор гирифтани озодии баён дар кишварашон хондаанд.

Кирилл Степанюк, як корманди шабакаи телевизионии «Стан-ТВ» тайи нишасти хабарӣ ба журналистон гуфт, аз эҳтимол дур намедонад, ки мусодираи маводи фаннии ин шабакаи телевизионӣ аз боло фармоиш шудааст. Ӯ афзуд, вале бо истифода аз имкониятҳое, ки зери дасташон ҳаст, фаъолияташонро идома медиҳанд.

Кирилл Степанюк мегӯяд, ки шабакаи «Стан-ТВ» дар ин авохир ғайр аз фаъолиятҳои мухолифони ҳукумат нахустин шуда ба баъзе мавзӯъҳои доғ рӯй овард ва яке аз чунин мавзӯъҳои доғ қатли журналист Геннадий Павлюк дар Алма-ато буд.

Степанюк ишора кард, ки шабакаи телевизионии «Стан-ТВ» дар Қирғизистон се дафтар ва дар Тоҷикистон як дафтари кории худро ифтитоҳ кардааст.

Темир Сариев, раиси Ҳизби сиёсии «Ақ Шумқор», мусодираи маводи фаннии шабакаи «Стан-ТВ»-ро ғайриқонунӣ шумурд. Ба гуфтаи ӯ, фақат баъди ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ ва иҷозаи додситонӣ мусодираи маводи фаннии ин шабака метавонист сурат гирад.

Созмонҳои дидбони ҳуқуқи башари қирғиз ва намояндагони оппозисиюни ин кишвар аз сафари Бан Кӣ Мун паёмадҳои мусбатро интизоранд.
XS
SM
MD
LG