Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, то 31-уми марти соли ҷорӣ аз фурӯши саҳмияҳо барои бунёди нерӯгоҳи Роғун наздик ба 799 миллион сомонӣ ҷамъ шудааст. Коршиносон ин маблағро барои сохтмони нерӯгоҳи бузург андак медонанд.

Давлати Тоҷикистон ба маблағи беш аз 6 миллиарду 400 миллион сомонӣ саҳмияҳои Роғуро чоп карда, ба фурӯш баровардааст, ки муодили 1 миллиарду 400 миллион доллари амрикоист.

Дар моҳи январ, ки фурӯши саҳмияҳо оғоз шуд, тӯли як моҳ ба маблағи беш аз 150 миллион доллар саҳмия ва сертификат фурӯхта шуд. Аммо дар тӯли 2 моҳи боқӣ фурӯши саҳмияҳо ба маротиб коҳиш ёфт.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар далели коҳиши фурӯши саҳмияҳо тавзеҳ медиҳад, ки маблағи ҷамъоваришуда аз ҳисоби мардуми камбизоат аст ва сармояе, ки дар пасандози мардум барои рӯзи мабодо буд, ба сармояи давлат табдил шуду, мардуми оддӣ дигар пул барои хариди саҳмия надорад.

Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як дидор бо сармоягузорону тоҷирони тоҷикистонии хориҷ аз кишвар гуфта буд, шароити ҳуқуқиро барои сарозер кардани сармояҳои онҳо ба Тоҷикистон муҳайё мекунад. Дар ин байн қонуни афви молӣ низ дар Тоҷикистон тасвиб шуд, то ба пулдорон имкон бидиҳад, ки сармояҳои ғайриқонунӣ ба даст овардаашонро қонунӣ карда, пули худро ба бонкҳои Тоҷикистон баргардонанд.

Ба гуфтаи профессори иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ин қонуни афви молӣ низ боиси сарозер шудани сармояҳои хусусии тоҷикистониҳои бурунмарзӣ дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғун нагардид. Профессор Умаров бар ин бовар аст, ки сармоядорони тоҷикистонии бурунмарзӣ аслан мақомдорон ҳастанд ва онҳо аз овардани пулҳои худ ба бонкҳои кишвар бим доранд. Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, аз сӯи дигар ин сармоядорон мутмаин нестанд, ки аз овардани пул ва хариди саҳмияҳои Роғун суде ба даст меоранд.

Бар илова, коршиносон ба иттилоъи ироакардаи Вазорати молия дар робита ба сохтмони Роғун эътимод надоранд, ба ин далел, ки арқоми ироашуда норӯшан аст. Барои мисол, Вазорати молия дар ҳисоботи ахираш иттилоъ додааст, ки ба ҳисоби Вазорат аз фурӯши саҳмия ва сертификатҳо наздик ба 799 миллион сомонӣ ворид шудааст ва ҳамчунин гуфта шудааст, ки бақия дар ҳисоби 8 бонки Тоҷикистон наздик ба 344 миллион сомонӣ ҷамъ шудааст. Вале мушаххас гуфта нашудааст, ки ин 344 миллион аз ҷумлаи он 799 миллион сомонӣ аст ё илова бар он? Дар Вазорати молия аз посух ба ин суол худдорӣ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG