Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як моҳ 10 милллион $ барои нерӯгоҳи Роғун


Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳисоби нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар моҳи март аз фурӯши саҳмия ва кӯмакҳои молӣ тақрибан 10 миллион доллар ворид шудааст. Омори тозае, ки вазорати молияи Тоҷикистон нашр кардааст, тамоюли коҳиши фурӯши саҳмияҳои Роғунро нишон медиҳад. Дар моҳи феврал аҳоливу муассисаҳои Тоҷикистон барои харидани саҳмия ва кӯмакҳои билоиваз барои сохтмони ин нерӯгоҳ тақрибан 20 миллион доллар харҷ кардаанд. Дар маҷмӯъ аз замони фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун аз рӯзи шашуми январ, тақрибан 800 миллион сомонӣ, ё бештар аз 182 миллион доллар ҷамъ шудааст.
XS
SM
MD
LG