Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалилӣ: "Таҳримот алайҳи Эрон натиҷа намедиҳад"


Сайид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон, баъди мулоқотҳояш дар Чин гуфт, ҳарду кишвар мувофиқат кардаанд, ки таҳримот алайҳи Эрон натиҷабахш нест. Сайид Ҷалилӣ дар рӯзи дуввуми боздидаш аз Чин дар ин бора сухан гуфт. Хабаргузориҳо аз қавли ӯ навиштаанд, ки таҳримоти байналмилалӣ монеъи идомаи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон нахоҳад шуд. Ба суоли оё Чин аз таҳримоти нав алайҳи Эрон ҳимоят мекунад, вай гуфтааст, “Посухи суол аз Чин аст”. Пештар аз ин баёния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тасмими Чин барои пайвастан ба музокироти қудратҳои ҷаҳонӣ доир ба эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон истиқбол кард.
XS
SM
MD
LG