Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Кӣ Мун бо раҳбарони Туркманистон мулоқот кард


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз боздидаш аз кишварҳои Осиёи Марказиро аз Туркманистон оғоз кард. Ӯ имрӯз бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, мулоқот кард ва сипас аз Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунандаи Созмони Милал дар Осиёи Марказӣ ва Пажӯҳишгоҳи миллии ҳуқуқи инсон ва демократия дар Туркманистон дидан намуд. Дабири кулли Созмони Милал баъди боздид аз Қирғизистону Ӯзбакистон, рӯзҳои 5 ва 6 апрел дар Тоҷикистон хоҳад буд ва боздидаш аз минтақаро дар Қазоқистон анҷом хоҳад дод. Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, халъи силоҳ, мубориза бо тағйири иқлим ва коҳиши камбизаотӣ аз мавзӯъҳои аслии баҳси Бан Кӣ Мун бо раҳбарони кишварҳои минтақа будааст.
XS
SM
MD
LG