Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ғоратгарони афғонистонӣ


Барои боздошти се нафар шаҳрванди Афғонистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯрообод гурӯҳи вижае аз ҳисоби мақомоти интизомӣ таъсис ёфтааст.

Ба қавли Иброҳим Азизов, раиси ноҳияи Шӯрообод мақомот ин чаҳор нафарро, ки дар ғорати чаҳорпои мардуми деҳаи Қавоқ гумонбар дониста мешаванд, дар ғору ҷангалҳои ҳудуди ноҳия ҷустуҷӯ дорад.

Ҷаноби Азизов мегӯяд, барои мақомот шахсияти онҳо маълум буда, инчунин дақиқ аст, ки то ҳанӯз эшон бо қасди Афғонистон рӯдхонаи Панҷро убур накардаанд.

Ба ҷуз ин, ба гуфтаи раиси ноҳия, тайи 20 рӯзи ахир дар ноҳия як амалиёти вижа бар зидди қочоқчиён баргузор гардид, ки дар паи он 6 тан аз қочоқбарон ҳалок ва 118 килограм бангдона мусодира шудааст.

Ӯ мегӯяд, ҷасади ду тан аз қочоқбарон бозпас ба Афғонистон равон карда шуд, аммо чаҳор тани дигар дар як чуқурии 90 метра сарозер шудаанд, ки то ҳанӯз имкони берун кардани онҳо муясар нагаштааст.

Дар ҳамин ҳол Неъмат Наимов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, дар паи чунин як амалиёти дигар онҳо Сӯҳбатхон Назаров ва Исуф Саргардонов қочоқчиёни маъруферо, ки солҳои ахир дар пайгарди ҷиноӣ қарор доштанд, боздошт кардаанд.

Шӯрообод ноҳияест, дар ҷануби Тоҷикистон, ки саду 56 километр бо давлати исломии Афғонистон хати марз дорад. Сокинони зиёде аз деҳоти наздимарзии ин ноҳия бо ҷурми ҳамкорӣ ва даст доштан дар қочоқӣ маводи мухаддар зиндон шудаанд. Соли гузашта бар асари даргириҳо миёни марзбонон даҳ қочоқчӣ кушта ва беш аз 1 тона маводи мухаддар мусодира шуда буд.
XS
SM
MD
LG