Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ИМА аз тасмими Чин дар мавриди Эрон


Амрико аз омодагии Чин барои пайвастан ба музокироти таҳримҳо алайҳи Эрон истиқбол карда ва ин тасмими Пекинро «гоми бисёр муҳим» дар ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон номидааст. Билл Бертон, сухангӯи Кохи сафед гуфтааст, музокирот дар ин бора бо кишварҳои дигари узви Шӯрои амният идома дорад.

Вай афзудааст, раисҷумҳури Амрико умедвор аст, ки таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон дар зудтарин фурсат ҳамоҳанг хоҳад шуд.

Мақомоти Чин дирӯз эълон карданд, ки ин кишвар ба музокироти барномаи ҳастаии Эрон дар Шӯрои амнияти СММ хоҳад пайваст. Интизор меравад дар ин нишаст, ки 12-уми апрели соли ҷорӣ дар Ню Йорк баргузор мешавад, раисиҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао ширкат кунад.

Чин, ки дар Шӯрои амният ҳаққи раъй дорад, то ин замон яке аз мухолифони аслии фишорҳо бар Эрон буд. Дар сурати тавофуқи нишасти Шӯрои амният, давраи чаҳоруми таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон қабул хоҳад шуд.

Мақомоти Теҳрон дар мавриди тасмими Пекин то ҳол вокуниши расмӣ нишон надодаанд. Аммо як ҳайати баландпояи эронӣ барои баррасии ин мавзӯъ озими Чин шудааст.

Нахуствазири Бритониё Гордон Браун ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ дирӯз дар як мулоқот дар Лондон аз ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон барои сарпечии ин кишвар аз қатъи ғанисозии ураниюм пуштибонӣ карданд.

Онҳо ба зарурати идомаи баррасии ин мавзӯъ бо шарикони байнулмилалӣ таъкид кардаанд.

Масъалаи барномаи ҳастаии Эрон мавзӯи калидии нишасти охирини вазирони умури хориҷии 8 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон дар Канада буд. Дар ин ҳамоиш ба Эрон ҳушдор доданд, ки бояд ғанисозии ураниюмро мутаваққиф кунад ва ё ба афзоиши таҳримҳои байнулмилалӣ омода шавад.

ИМА ва ҳампаймонҳояш Эронро дар талоши соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудан айбдор мекунанд ва аммо Теҳрон ҳама иттиҳомро дар ин маврид рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG