Пайвандҳои дастрасӣ

"Коммерсант": Як марталаб шиносоӣ шудааст


Нашрияҳои чопи Маскав дар бораи шиносоӣ шудани маргталабе, ки худро дар истгоҳи метрои “Лубянка” инфиҷор кардааст, хабар доданд. Нашрияи “Коммерсант”, бо такя ба Кумитаи тафтишоти Додситонии кулли Русия навиштааст, ки маргталаб Ҷаннат Абдураҳмоноваи 17-сол, завҷаи раҳбари мусаллаҳони доғистонӣ Умалат Муҳаммадов (Ал-Бара), буд. Умалат Муҳаммадов бар асари як амалиёти вижа 31 декабри соли гузашта кушта шуда буд. Дар инфиҷор дар истгоҳи “Лубянка” беш аз 20 тан аз мусофирон ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки Ҷаннат Абдураҳмонова зодаи деҳаи Костеки ноҳияи Хасавюрт аст ва ӯро аз рӯи аксҳо ва нишонаҳои вижааш шинохтаанд. Талошҳои муқаррар кардани ҳуввияти маргталаби дуввум ва ҷустуҷӯи ҳамсафарони онҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG