Пайвандҳои дастрасӣ

"Ал-Ҷазира" дар Сараево дафтари худро боз мекунад


Дар шаҳри Сараево, пойтахти Боснӣ ва Ҳерсеговина, дафтари минтақаии шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” ифтитоҳ хоҳад шуд. Ба иттилоъи шаҳрдорӣ, “Ал-Ҷазира” шабакаи телевизионии маҳаллӣ ва радиои “Студия 99”-ро, ки дар вартаи варшикастагӣ қарор доштанд, харидорӣ намуд. Радиои “Студия 99” аз соли 1992 ба ин сӯ фаъолият мекунад ва тавассути инъикоси воқеъбинонаи ҳаводиси Боснӣ ва Ҳерсеговина дар нимаи аввали солҳои 90-ум, маъруфият касб кардааст.
XS
SM
MD
LG