Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович иттиҳод бо Русияву Белорусро намехоҳад


Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина, изҳор намуд, ки мухолифи таъсиси Иттиҳоди Украина, Русия ва Белорус аст. Дар изҳороти ахири дафтари матбуоти раисиҷумҳури Украина мавқеъи муовини сарвазир Владимир Семиноженко, ки аз таъсиси ин иттиҳод истиқбол кардааст, ҳадафи танқид қарор гирифт. Баъд аз пахши изҳороти Семиноженко баъзе аз нерӯҳои сиёсии мухолифи ҳукумати Украина хостори истеъфои ӯ аз мақоми муовини сарвазир шуданд. Виктор Янукович низ гуфтаҳои муовини сарвазирро “нодуруст” номид ва таъкид кард, ки Украина кишвари мустақил аст ва ҳадафи стратегияш – пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупост.
XS
SM
MD
LG