Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Браун ва Меркел аз таҳримҳо алайҳи Эрон


Нахуствазири Британия Гордон Браун ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар як мулоқот дар Лондон аз ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон, барои сарпечияш аз қатъи ғанисозии ураниум, пуштибонӣ карданд. Аз дафтари Браун иттилоъ дода шуд, ки дар ин мулоқот ба зарурати идомаи баррасии ин мавзӯъ бо шарикони байнулмилалӣ таъкид шудааст. Қаблан хабар дода шуд, ки Чин барои ширкат дар баҳсҳо бо раҳбарони ғарбӣ дар робита ба таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон изҳори омодагӣ кардааст. Аз ин пеш Пекин ин мавзӯъро нодида мегирифт.
ИМА ва ҳампаймонҳояш Эронро дар талоши соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудан айбдор мекунанд ва аммо Теҳрон ҳама иттиҳомро дар ин маврид рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG