Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯҳониёни тотор мегӯянд, тавсеаи ҷараёни ваҳҳобия дар қаламрави ҷумҳурии Тотористони Русия метавонад ин кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ кунад.

Муовини муфтии ин ҷумҳурӣ Валиуллоҳ Яъқуб гуфтааст, набояд имкон дод, ки мусулмонони Тотористон ба ҳанафиву ваҳҳобӣ тақсим шаванд. Яъқуб ин ақидаро дар китобе зери унвони "Ҳанафӣ бош!" таъкид кардааст.

Яъқуб бо дастгирии ҳукумат ва мухолифат ба нуфузи хориҷиён дар миёни мусулмонони Тотористон маъруф мебошад. Ӯ бар ин назар аст, ки бархӯрд дар байни мусулмонон метавонад кишварро ба ҷангу ҷидол ва ба муқовимати шаҳрвандӣ расонад.

Ба гуфти муовини муфтии Тотористон, ваҳҳобиён пайравони дигар мазҳабу равияҳоро аслан мусалмон намешуморанд ва аз ин рӯ, чанде пеш ӯ талаб кардааст, ки ба монанди ҷумҳурии Доғистон Тотористон низ ҷараёни ваҳҳобияро мамнӯъ эълон кунад.

Дар китоби Валиуллоҳ Яъқуб зикр шудааст, ки 95 дарсади мусулмонони Тотористон пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд ва он бояд ба ҳайси мазҳаби асосӣ дар қаламрави Тотористон эътироф гардад.

Ба гуфти Яъқуб, Тотористон дар муқобили пайравони ҷараёни ваҳҳобия, ки аз мазҳабҳои фавқулодда муҳофизакор буда, дар Арабистони Саудӣ сарчашма мегирад, кореро анҷом надодааст.

Яъқуб анъанаҳои ҳанафии Туркияро ҳамчун намуна барои пайравӣ ёдрас кардааст. Дар он ҷо, ба гуфти Яъқуб, фақат пайравони мазҳаби ҳанафия ҳақ доранд, ки вазифаи имоми масҷидро иҷро кунанд.

Яъқуб ихтилофангезии динӣ дар Лубнону Ироқро ба хотир оварда, изҳор намудааст, ки чунин сиёсати нодурусти мазҳабӣ боиси ҷангҳои бепоёни дохилӣ дар ин кишварҳо гардидааст.

Муовини муфтии Тотористон талаб кардааст, ки чораҳои ҷилавгирӣ аз тавсеаи ваҳҳобия дар Тотористон андешида шаванд.

Яъқуб мегӯяд, саудиҳо шумори зиёди ҷавонони тоторро барои таҳсил дар ин кишвар даъват намуданд ва акнун ин ҷавонон ба Тотористон баргашта, бо тавсеаи нуфузи мазҳаби ваҳҳобӣ машғул мебошанд.

Билохира, Яъқуб тахмин кардааст, ки шуморе аз ваҳҳобиҳои тотор дар як саф бо ҷангҷӯёни вилояти Вазиристони ҷанубӣ бар зидди ҳукумати Покистон қиём намудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG