Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи баҳсбарангези Ҳомиди Карзай


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, имрӯз иддаъо кард, ки хориҷиён, аз ҷумла мақомоти Созмони Милал ва Иттиҳодияи Аврупоро дар интихоботи раёсати ҷумҳур ва маҷлисҳои маҳаллӣ тақаллуб кардаанд. Ҳомиди Карзай Питер Галбрайт, муовини раҳбари дафтари Созмони Милалро ба тақаллуб муттаҳам кард, ки баъди ихтилофи назар бо раҳбараш дар мавриди расидагӣ ба шикоят аз тақаллубҳо дар интихобот аз мақомаш барканор шуд. Ӯ ҳамчунин иддаъо кард, ки Филип Мориллон, раҳбари ҳайъати нозирони Иттиҳодияи Аврупо, дар тақаллуб даст доштааст. Питер Галбрайт дар гузашта гуфтааст, 30 дар сади орои Ҳомиди Карзай дар интихобот тақаллубист ва нозирони Иттиҳодияи Аврупо якуним миллион раъйи интихоботи раёсати ҷумҳурро ғайриқобили эътимод хонданд.
XS
SM
MD
LG