Пайвандҳои дастрасӣ

Раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар пайи саркӯбии рӯҳонии нерӯманд, раисҷумҳури собиқи Эрон Ҳошими Рафсанҷонӣ шудааст.

Оятуллоҳ Ҳошими Рафсанҷонӣ аз нерӯмандтарин шахсиятҳои Эрон аст, ки бо доштани мақомҳои расмӣ пайваста дар мадди назари мардум буд. Ӯ дар миёни онҳоест, ки маъмулан ҳар ҳафта намози ҷумъаро дар масҷиди Теҳрон пеш мебаранд ва гуфтаҳояшон аз телевизион пахш мешавад.

Аммо бо эътирозҳои чандинмоҳа бар сари интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳури Эрон чеҳраи Рафсанҷонӣ аз телевизионҳо нопадид гардид. Рафсанҷонӣ охирин бор моҳи феврал, ҳангоми таҷлили 31-умин солгарди инқилоби исломӣ дар телевизион зоҳир шуд. Замоне, ки ӯ ҳамроҳ бо раҳбарони дигар аз мардум даъват кард, ки дар гирдиҳамоии созмондодаи ҳукумат иштирок кунанд.

Оё Рафсанҷониро аз телевизион дур кардаанд ё худи ӯ ихтиёран аз ин минбар даст кашидааст? Ин пурсишест, ки посухи дақиқ надорад. Аммо нопадид шудани ӯ аз маҳзари ом, якҷо бо боздоштҳои мукаррари наздиконаш таассуротеро ба вуҷуд овард, ки ин рӯҳонии шинохта дар муҳосира қарор дорад.

Бо ин ҳол, Рафсанҷонӣ, ки маъмулан бо фаъолиятҳои пуштипардагӣ шӯҳрат дорад, чизе нагуфта буд, ки роз ошкор шавад. Аммо ин моҳ ӯ дар саҳифаи интернетии худ ӯ то андозае ба сари мақсад омад. Ӯ гуфт: "Руҷӯъ ба гузашта ҳамон вақт ҳам буд. Баъзеҳо мувофиқи ҷумҳурият ҳам набуданд. Мунтаҳо садои онҳо хеле расо набуд. Алъон садои мутаҳаҷҷирин як қадре баландтар шудааст дар дохили Ирон.""

Ҳошими Рафсанҷонӣ бо истифода аз зуҳури худ дар интернет эрониҳоро бо Наврӯз табрик гуфт ва ҳамзамон Аҳмадинажодро ба кушиши аз байн бурдани таркиби ҷумҳурии исломӣ муттаҳам кард. Манзур интихобот ва намояндагӣ дар парлумон буд, ки бояд ба мардум ҳаққи овоз дар идораи давлатро бидиҳад. Ӯ гуфт: Имом як назаре хосе доштанд, эшон мӯътақид буданд, ки мо ҳарчӣ зудтар кори кишварро ба дасти мардум супорем."

Ба ин тартиб, бо гузашти даҳ моҳ аз интихоботи президентии Эрон таҳлилгарон дар саҳнаи сиёсии Эрон се ҷиноҳи мухталифро мушоҳида мекунанд. Саид Шаҳсавандӣ, як узви собиқи созмони Муҷоҳидини халқ, ки баъдан фаъолияти онро маҳкум кардааст ва ҳоло дар Олмон хабарнигор аст, бо зикри се ҷиноҳ: ҷиноҳи Аҳмадинажод, Ҷумбиши сабз ва Ҷиноҳи Рафсанҷонӣ, фраксияи Аҳмадинажодро ба хотири робитаи наздикаш бо Сипоҳи посдорони инқилоб ҷиноҳи низомӣ меномад ва мегӯяд, ки он дар талоши аз байн бурдани Рафсанҷонист. Оқои Шаҳсавандӣ бо ишора ба боздоштҳои наздикони Рафсанҷонӣ мегӯяд, ин ҳама ба хотири танг кардани ҳалқаи муҳосира дар атрофи Рафсанҷонӣ анҷом мешавад.

Заминаи ин талошро Саид Шаҳсавандӣ дар пуштибонии Рафсанҷонӣ аз Ҷумбиши Сабз мебинад, ки раҳбарони он низ марбути синфи ҳукмрон буданд ва баъдан аз ҷониби ҷиноҳи тундрави Аҳмадинажод канор андохта шуданд. Ангезаи Рафсанҷонӣ барои ба истилоҳ нақши "сипари ҳифозати"-и Ҷумбиши Сабз аз зуҳури ин ҷумбиш мавриди баҳсу баррасиҳост. Гуфта мешавад, ки ӯ ба хотири ҷуброни нокомии худ дар интихоботи соли 2005 бо Аҳмаждинажод маъракаи интихоботии раҳбари калидии Ҷумбиши Сабз, Мирҳусейн Мусавиро сармоягузорӣ кардааст. Боз ҳам гуфта мешавад, Аҳмадинажод, ки дар ду даври интихобот бар пояи шӯҳратталабӣ пирӯз шуд, Рафсанҷонӣ ва чанд тан аз шахсиятҳои сарватманди нухбагони сиёсии Эронро бахши фасод мехонад.

Бахши аъзами таҳлилгарони Эрон бар ин боваранд, ки Рафсанҷонӣ барои пуштибонӣ аз раҳбарони Ҷумбиши Сабз, аз ҷумла Мусавӣ ва Каррубӣ, ангезаи ҷиддитар аз инро дорад. Яъне, Рафсанҷонӣ мӯътақид аст, ки бе инҳо Ҷумбиши Сабз ба хатари инқилоби исломӣ табдил мешавад.

Коршиносони дигар низ мегӯянд, Рафсанҷонӣ дар байни ду нирӯи ба ҳам мухолиф нақши мувозинатро дорад. Ричард Далтон, сафири собиқи Британия дар Эрон мегӯяд, Рафсанҷонӣ барои даъват ба иттиҳоди миллӣ омода аст, аммо барои онҳое, ки амалкардҳои ҳукуматро хуш надорад, эҳтироми бештар мехоҳад.

Фишангҳои аслии Рафсанҷонӣ раҳбарияти ӯ дар ду ниҳоди нируманди Эрон аст. Яке раиси Маҷлиси хубрагон ва дигаре раиси Маҷлиси ташхиси маслиҳати низом. Яке дар баҳси байни Маҷлиси шӯрои исломӣ бо давлат миёнҷигӣ мекунад, дигаре раҳбари олиро интихоб мекунад.

Аммо дар ниҳояти амр бурду бохти Рафсанҷонӣ ба раҳбари аслии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ бастагӣ дорад. Хоманеӣ низ то ҳол бозии бомувозинати худро пеш мебарад: гоҳо ӯ аз Аҳмадинажод ҳамчун нируи саркубкунандаи эътирозҳо пуштибонӣ мекунад ва гоҳи дигар ӯро сарзаниш мекунад, ки аз ҳад нагузарад. Хоменеӣ дар бораи телевизион, ки ба он Изаттулоҳ Зарқомӣ, аз ҷонибдорони Аҳмадинажод раҳбарӣ мекунад, гуфтааст, оне, ки ӯ раиси садову симои Эронро интихоб мекунад, ба маъние нест, ки контроли ҳамаи барномаҳоро дар даст дорад. Хоманеӣ ишора кард, ки аз баъзе барномаҳои телевизионӣ розӣ нест.

Маълум нест, ки изҳороти мармузи Хоменеӣ дар робита ба бархурди телевизион ба Рафсанҷонӣ буд, ё хабарҳои телевизион дар бораи Ҷумбиши Сабз, ё ҳарду дар якҷогӣ, ё чизи дигар. Дар ҳар сурат, ин бахши як бозии нозук аст, ки ба хотири ҳифзи иттиҳоди нухбагони сиёсии Эрон пиёда мешавад. Ба хотири онҳое, ки дар ростои ошуфтагии камназир дар сӣ соли ахир қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG