Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии ҲНИТ аз боздошти узви ҳизб дар Вахш


Қаландар Садурдинзода, раиси созмони хатлонии Ҳизби наҳзат, мегӯяд, боздошти узви ҲНИТ дар Вахш хилофи қонун сурат гирифтааст

Қаландар Садурдинзода, раиси созмони хатлонии Ҳизби наҳзат, мегӯяд, боздошти узви ҲНИТ дар Вахш хилофи қонун сурат гирифтааст

Раёсати созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон аз мавриди боздошт қарор гирифтани узви ин ҳизб дар ноҳияи Вахш изҳори нигаронӣ мекунад.

Ахиран додситонии ноҳияи Вахш алайҳи узви Ҳизби наҳзат Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов бо иттиҳоми мудохила ба кори комиссиюни интихоботӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда, ўро равонаи маҳбаси муваққатӣ кард.

Қаландар Садурдинзода, раиси созмони хатлонии Ҳизби наҳзат, дар сўҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳамҳизби боздоштшудааш дар ҷараёни интихоботи моҳи феврал узви қитъаи раъйдиҳии рақами 22-и ноҳияи Вахш буда, амале хилофи қонун содир накардааст.

Тафсилоти қазия

Ба иддаои ҷаноби Садурдинзода, қазияи мазкур аз он сар задааст, ки дар ин қитъаи раъйдиҳӣ номзади Ҳизби наҳзати исломӣ Оймаҳмад Тавуров ва муовини раиси ноҳияи Вахш Заррина Гурезова барои дарёфти курсии вакилии маҷлиси маҳаллӣ вориди рақобат шуда, аввалӣ бар дуввумӣ пирўз омадааст.

Вай мегӯяд, «номзади мо дар қитъаи раъйдиҳӣ овози бештари мардумро касб карда, пирўз шуд. Азбаски дар ин қитъа узви ҳизби мо Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов низ кор мекард, вақте натоиҷи раъйдиҳӣ эълон шуд, вай аз шодӣ дастҳо боло карда, гуфтааст, «мо ғалаба кардем!». Ба назари ман, ин амали М. Бурҳонов ба ба дили масъулин сахт расида, онҳоро хуш наомадааст. Дигар дар рўзи интихобот дар он участка ягон қазия сурат нагирифтааст…»

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ҷаноби Садурдинзода, рўзи ҷумъаи 26-уми март мақомоти интизомӣ узви қитъаи раъйдиҳӣ Муҳаммадрўзӣ Бурҳоновро боздошт ва ба маҳкамаи муваққатӣ равона кардаанд.

Назари муфаттиш

Ба иттилои муфаттиши парвандаи мазкур аз додситонии ноҳияи Вахш, нафари муттаҳам дар рўзи интихобот ба тақаллубкорӣ роҳ дода, тибқи нишондоди аъзои дигари қитъаи раъйдиҳӣ, баргаҳои раъйро ба ҷойи интихобкунандаҳо хат задааст.

Бо назардошти ин ҳама, додситонии ноҳия аз мақомоти ҳавзаи интихоботӣ тақозо кардааст, то натоиҷи интихоботи ахир бекор карда шуда, пирўзии номзади Ҳизби наҳзат лағв ва раъйдиҳии иловагӣ баргузор шавад.

Ва аммо Қаландар Садурдинзода, раиси созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон, мегўяд, раъйдиҳӣ дар қитъаи интихоботии рақами 22-и Вахш шаффоф сурат гирифта, номзади ин ҳизб пирўзии бидуни баҳс ба даст овардааст. Вай қонуншиканӣ кардани узви қитъаи раъйдиҳӣ аз Ҳизби наҳзатро низ зери суол мебарад.

Ҷаноби Садурдинзода гуфт, «бо огоҳӣ ёфтан аз ин қазия, мо бо аъзои учаскаи интихоботии № 22 сўҳбатҳо анҷом додем. Дар ин қитъа ба мо гуфтанд, ки дар рўзи раъйдиҳӣ ягон қонуншиканӣ сурат нагирифтааст. Гуфтанд, ки қарор дар бораи баранда шудани номзадҳои алоҳида дар интихобот аллакай содир шудааст. Аз тарафи участка ягон шикоят оид ба амалҳои ғайриқонунии М. Бурҳонов дар рўзи интихобот ба мо нарасидааст…»

Хатари чаҳор соли зиндон

Бо ин вуҷуд алайҳи узви Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов тибқи моддаи 150-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, дар сурати собит гардидани гуноҳаш дар додгоҳ, ўро ҷазои ҳадди аксар чаҳор соли маҳрумият аз озодӣ ё пардохти ҷаримаи баробар ба 300 маоши ҳадди ақалл интизор аст.

Пас аз баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ин нахустин парванда алайҳи узви Ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Вахш нест. Ахиран додситонии ҳамин ноҳия алайҳи Қиматулло Муродов, номзади дигари ин ҳизб ба вакилии маҷлиси маҳаллӣ, бо иттиҳоми дузанагӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Вахш ирсол намудааст.

Бо ин ҳама, дар пайи интихоботи ахири Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони мардумӣ, дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон се номзади Ҳизби наҳзати исломӣ баранда шуда, вакили маҷлиси маҳаллӣ интихоб гардидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG