Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардикорӣ барои мошинсаворӣ?


Аксари муҳоҷирони кории минтақаи Кӯлоб пас аз бозгашт ба ватан бо маблағи аз мардикорӣ дар Русия ба даст овардаашон мошини сабукрав харидорӣ мекунанд.

Убайдулло Самиев, аз қабили он ҷавонон аст. Вай мегӯяд, “тирамоҳ аз Русия баргашта будам. Бо маблағи 4 ҳазору 700 доллар мошини тамғаи “Некси” харидорӣ кардам. Ҳозир барои ду бора ба муҳоҷират рафтан бароям пул лозим шудааст. Мошинро дар фуруш гузоштаам, вале касе онро аз 2,5 ҳазор долар зиёд нарх намекунад. Тасаввур кунед, ки таи чанд моҳ чӣ қадар зара дидам.”

Баҳриддин Сангимадов, ҷавони дигар мегӯяд, ҳарчанд дар хонаводаҳои эшон мушкилоти зиёде вуҷуд дошта бошад ҳам, нахсут талош мекунанд, то мошин харидорӣ намоянд. Ба гуфтаи ӯ, “мисле, ки миёни ҷавонон расм шудааст, ки мошин бихаранд. Аз ҷиҳати дигар, агар мошин нахарӣ, давоми ду-се моҳ намедонӣ, ки пулҳои овардаат куҷо сарф шудаанд. Мошин, ки харидӣ мусофиркашонӣ мекунӣ ва ризқу рӯзиатро дар ҳамин ҷо ҳам пайдо мекунӣ.”

Дар минтақаи Кӯлоб соҳибони аксрияти мошинҳои мусофиркаш муҳоҷирон меҳнатиянд. Аммо Умар Абдураҳмонов, устоди риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, чунин раванд дар миёни ҷавонони муҳоҷирро қабул надорад. Вай мегӯяд, мушоҳидаҳо нишон дод, ки харидории мошинҳои фарсудаи чиноиву дигар кишварҳо бо маблағи аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст оварда, ба соҳибонашон манфиате наовардааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдураҳмонов бояд ҳукуматҳои маҳаллӣ имкон диҳанд, то муҳоҷирон маблағи ба даст овардаашонро самаранок истифода баранд. Вай меафзояд, “ба муҳоҷирон бигзор ба таври имтиёз заминҳои кишт ё боғу токзор дода шавад. Маблағи онҳоро ба чорвопарварӣ ва дигар корҳое, ки дар шароити Тоҷикистон имконпазир аст, ҷалб кунанд. Ба онҳо роҳ нишон дод, ки ҳам худ фоида бинанд ва ҳам ҷомеа”.

Дар ҳамин ҳол Сайдаҳмад Пириев, сардори райёсати агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, аслан борҳо аз муҳоҷирон даъват кардаанд, то бо онҳо ҳамкорӣ намуда, маблағи хешро ба корҳои манфиатовар сарф намоянд, вале даъват пазируфта нашудааст.

Аммо Умар Абдураҳмонов мегӯяд, ба муҳоҷирони пешниҳоди дуруст намешавад, вагарна онҳо аз он ҳатман пуштибонӣ хоҳанд кард.

Феълан тибқи иттилои расмӣ аз минтақаи Кӯлоб ҳудуди 200 ҳазор нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба сар мебарад. Ба назари коршиносон, ҷалби маблағи муҳоҷирон ба корҳои манфиатовар дар дохили кишвар дар пешрафти иқтисодиёт мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG