Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвориҳо аз сафари раҳбари СММ ба ОМ


Ҳомиёни ҳуқуқи башар умедворанд, ки Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид, дар нахустин сафари худ ба Осиёи Марказӣ баррасии мавзӯъи ҳуқуқи башарро дар сархати барномаи худ қарор медиҳад.

Пеш аз сафари Дабири кулли СММ ба Осиёи марказӣ, Ҳюман райтс вотч, як созмони дидбони ҳуқуқи башар, аз ӯ хост, то чолишҳои оҷили марбут ба ҳуқуқи инсонро бо мақомоти давлатҳои минтақа матраҳ кунад. Намояндаи ин созмон Рейчел Дембер дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, агар Дабири кулли СММ, муҳимтарин ниҳоди байналмилалӣ, мавзуъи ҳуқуқи башарро матраҳ кунад, ин таъкид бар аҳамияти масъала хоҳад буд. Раҳбарони Осиёи марказӣ наметавонанд аз баррасии вазъи ҳуқуқи башар фирор кунанд, зеро ин мавзӯъ аз тарафи як шахси муҳим ба мисли дабири кулл матраҳ мешавад.

Аввалин раисҷумҳури ОМ, ки аз дабири кулл пазироӣ мекунад, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст. Диду боздиди Бан Ки Мун аз Туркманистон имрӯз, якуми апрел, шурӯъ шуда, як рӯз давом хоҳад кард.

Рейчел Денбер мегӯяд, умедвор аст, ки дабири кулл бо истифода аз сафари худ ба раҳбари Туркманистон ва мақомоти дигари ин кишвар фишор биёрад. Хонум Денбер умедвор аст, ки дабири кулл масоили мисли зарурати боз будани Туркманистон барои назорати байналмилалӣ, зарурати аз зиндон озод намудани маҳбусҳои сиёсӣ, зарурати бознигарии саросарии парвандаҳои сиёсии замони Сафармурод Ниёзовро баррасӣ кунад.

Ҳамчунин, интизор меравад, ки Бан Ки Мун дар ин сафар масоили доғи минтақаи Осиёи Марказӣ - баҳсҳои марзӣ, ҷанҷол бар сари истифодаи захоири обу энержӣ ва зистмуҳитиро матраҳ кунад. Ба думболи анҷоми сафараш дар Туркманистон, дабири кулл барои мулоқот бо Қурмонбек Боқиев ба Қирғизистон меравад ва сипас сафари худро дар Узбакистон идома медиҳад.

Боздиди дабири кулл аз Узбакистон дар ҳоле оғоз меёбад, ки чанде пеш Кумитаи ҳуқуқи башари СММ Узбакистонро барои нокомӣ дар пажӯҳиши хунрезиҳои Андиҷон ва саркӯб кардани эътирозгарон интиқод кард. Рейчел Денбер аз Бан Ки Мун мехоҳад, ба талошҳои Ислом Каримов ва мақомоти дигари Узбакистон дар, ба гуфтаи ӯ, "саркӯбии ҷомеаи шаҳрвандӣ" муқовимат кунад.

Бан Ки Мунро дар Тоҷикистон дар оғози ҳафтаи оянда пазироӣ хоҳанд кард. Мақомоти кишвар талош доранд, ҷомеаи ҷаҳониро ба безарар будани нерӯгоҳи барқи обии Роғун мутақоид созанд.

Охирин кишвар дар феҳрасти сафарҳои дабири кул дар ОМ Қазокистон мебошад. Президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев дабири куллро рӯзҳои сешанбеву чаҳоршанбеи ҳафтаи оянда меҳмондорӣ мекунад.

Дар ҳашт соли ахир, аз замони сафари Кофӣ Аннон, собиқ дабири кули Созмони Милали Муттаҳид, ҳеҷ мақоми аввали СММ ба минтақа сафар накарда буд. Бархе аз нозирон аз он нигаронанд, ки ин сафар ба ҷойи беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар пуштибонӣ аз раҳбарони минтақавиро таъмин мекунад. Мисли сафари соли гузаштаи дабири кулл ба Мянмар, ки сарфи назар аз умедвории зиёд нақзи ҳуқуқи башарро коҳиш надод ва бенатиҷа анҷом шуд.

Аммо хонум Денбер мегӯяд, Бан Ки Мун масъул аст, то барои хатми нақзи ҳуқуқи башар пофишорӣ кунад, ҳатто агар ин пофишорӣ дигаргуниеро ба бор наорад.
XS
SM
MD
LG