Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев хостори ташдиди мубориза бо терроризм шуд


Ба думболи силсилаи бомбгузориҳои маргбор дар Русия, ки бештар аз 50 нафарро кушт, раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев хостори иқдомоти сахту қотеъона дар роҳи мубориза бо терроризм шуд. Дмитрий Медведев имрӯз ғайримунтазира вориди Доғистон шуд ва бо мақомоти амниятӣ ва раҳбарони минтақавии Қафқози Шимолӣ ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард. Ҷумҳурии Доғистон рӯзи чаҳоршанбе шоҳиди бомбгузории интиҳорие шуд, ки бар асари он 12 нафар ҷон доданд, дур рӯз пеш аз ин дар ду ҳамлаи интиҳорӣ дар метрои шаҳри Маскав 39 нафар аз ҷумла се шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуданд. Доку Умаров,раҳбари ҷудоихоҳони чечен, масъулияти бомбгузориҳои Маскавро бар ӯҳда гирифт ва қавл дод, ки ҳамлаҳо ба Русияро идома хоҳад дод. Дмитрий Медведев ҳамлаҳои Маскав ва Доғистонро “ҳалқаҳои як занҷир” хонд.
XS
SM
MD
LG