Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзномаи дигари Қирғизистонро бастанд


Мақомоти расмии Қирғизистон фаъолияти “Форум”, як рӯзномаи мутаалиқ ба нерӯҳои мухолифро мутавақиф кардаанд. Додситонии як ноҳияи шаҳри Бишкек гуфт, рӯзномаи мазкур, бо даъвати мардум ба сарнагунии ҳукумати қонунӣ, қонун дар мавриди матбуотро нақз кардааст ва аз додгоҳ хост, то фаъолияти нашрияи “Форум”-ро мутавақиф кунад. Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, додситонии Бишкек аз мақолаи рӯзномаи “Форум” аз рӯзи 30 март асабонӣ шудааст, ки дар он гуфта мешуд, “агар дар кишвар зулмот фаро расид, ҳар фарзанди он бояд ба барқ табдил ёбад.” Намояндагони рӯзнома мегӯянд, иддаъои додситонӣ беасос аст ва бастани рӯзнома ҳам ангезаҳои сиёсӣ дорад. “Форум” рӯзномаи саввуми мухолифини Қирғизистон аст, ки тайи як моҳи ахир баста шудаанд.
XS
SM
MD
LG