Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳониёни мӯътабар ҳамлаҳои Маскав маҳкум карданд


Донишмандони ислом аз даҳҳо кишвари дунё имрӯз бомбгузориҳои интиҳории ифротгароёни исломӣ дар шаҳри Маскав ва Доғистонро маҳкум намуда ва онро “ҳамлаҳои ҷиноии террористӣ” хонданд, ки ба гуфтаи онҳо мухолифи фармудаҳои ислом аст. Дар баёнияи 24 донишманди ислом аз ҷумла, панҷ муфтии Русия, ки як муассисаи пажӯҳишии Каломи Дубай нашр кардааст, гуфта мешавад, “Ислом ҷони инсонро муқаддас мешуморад” ва ҳеҷ озурдагиву алам, ҳатто озурдагии машрӯъ ҳам наметавонад, чунин амалкарди сабъу шарриро тавҷеҳ намояд” Дигар аз муаллифони баёния муфтии аъзами Миср, Сурия, Лубнон, Бсония будаанд. Дигар аз имзокунандаҳои баёния донишмандони исломии Ҳиндустон, Ховари Миёна, Аврупо ва Амрико будаанд.
XS
SM
MD
LG