Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин хоҳони музокироти бештар дар мавриди Эрон аст


Давлати Чин гуфт, талошҳояшро барои ҳалли мусолиматомези бӯҳрони барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон идома хоҳад дод. Кин Ганг - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин имрӯз гуфт: “Чин аз масъалаи барномаҳои атомии Эрон ниҳоят нигарон аст. Мо бо тамоми тарафҳои саҳим дар тамос ҳастем, то роҳи ҳалли дипломатӣ ва муносиби ин масъаларо пайдо ва пешрафт кунем.“ Пештар аз ин баёния, Чин ба “музокироти ҷиддӣ” бо Амрико барои эъмоли даври чаҳоруми таҳримоти Созмони Милал алайҳи Эрон мувофиқат кардааст. Чин то кунун мойил ба эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон набуд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, иддаъое, ки Эрон пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG