Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурбониёни ҳамлаҳои метрои Маскавро дафн мекунанд


Дар Русия имрӯз баъзе аз қурбониёни ҳамлаҳои маргбор ба метрои шаҳри Маскавро дафн мекунанд. Дар ду инфиҷор дар метрои Маскав дар рӯзи душанбе 39 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуд. Доку Умаров, раҳбари ҷудоихоҳони чечен, дар як навори видеоӣ, ки дар як вебсайти исломиҳо гузошта шудааст, масъулияти ин бобмгузориҳоро бар дӯш гирифт. Доку Умаров мегӯяд, ҳарду бомбгузории интиҳорӣ дар шаҳри Маскав, ба посух ба ҷиноятҳои маъмурони амниятии Русия алайҳи чеченҳои осоишта будаааст ва ӯ ҳамлаҳоро идома хоҳад дод. Рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Қизлари Доғистон бар асари як бомбгузории дигар 12 нафар ҳалок шуд. Владимир Путин – нахуствазири Русия гуфт, бомбгузориҳо шояд амали дасти як гурӯҳ бошад.
XS
SM
MD
LG