Пайвандҳои дастрасӣ

Судури амри боздошти нафари гумонбар, ба ҳабси хонагӣ кашидани шахси гумонбар, гӯш додан ба гуфтугӯҳои телефонии афроди айбдоршаванда, ба ҳабс гирифтани моликият мувофиқи Кодекси мурофиавии ҷиноии ҷадид аз имрӯз ба баъд дар Тоҷикистон танҳо бо иҷозати додгоҳ сурат хоҳад гирифт.

Тибқи кодекси пешин то кунун ин амалҳо аз ҷониби додситонӣ дар Тоҷикистон сурат мегирифт ва ин ваколатҳо марбут ба системаи додситонӣ буд. Ин чӣ маъно дорад?

Муфаттиш ва ҳабси хонагӣ

Агар мувофиқи кодекси пешин муфаттиш барои гирифтани иҷозаи ҳабси хонагӣ ба додситонӣ муроҷиат мекард, додситонӣ бидуни кадом пурсиш аз афроди гумонбар санксияро ба дасти муфатиш медод.

Ёвари раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳазратқул Иброҳимов ин масъараро шарҳ дода мегӯяд, ки ҳоло: «Акнун додгоҳ далелҳои пешниҳодкардаи муфаттишро меомӯзад, ба толор шахси айбдоршаванда ва вакили мудофеи ӯро даъват мекунад ва тамоми ваҷҳу масоили мавҷудро баррасӣ мекунад. Муфаттиш танҳо дар он сурат иҷозаи санксияро хоҳад гирифт, ки агар ҳамаҷониба далелҳои ӯ тасдиқи худро ёбанд.»

Тибқи қонуни ҷадид танҳо дар он сурат бидуни бозпурсии афроди айбдоршаванда иҷозаи санксия дода мешавад, ки агар шахси гумонбар ё ҷавобгар ба додгоҳ ҳозир нашавад ва аз қаламрави кишвар фирор кунад. Дар он сурат ҳам аз вакили мудофеи ӯ пурсида шуда, сипас санкия дода хоҳад шуд.

Шахси гумонбар ва боздоштгоҳи муваққатӣ

Боз як ҳолати дигари фарқкунандаи кодекси ҷадид аз пешин дар ин аст, ки мӯҳлати боздошти шахси гумонбар дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё пешакӣ комилан дигар аст. Вакили мудофеи Тоҷикистон Абдуқаюм Юсуфов мегӯяд: "То кунун мувофиқи кодекси пешин ҳабси пешакӣ барои 15 рӯз дода мешуд, ки дар баъзе ҳолатҳо бештар аз ин мӯҳлат шахси айбдоршаванда нигоҳ дошта мешуд, вале қонуни нав ба ин иҷоза намедиҳад ва ин мӯҳлат дақиқан барои 18 моҳ бидуни тағйир пешбинӣ шудааст».

Арзишҳои инсонии қонуни мурофиавии ҷиноии нав

Ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов ин масъаларо чунин шарҳ медиҳад:
«Таъмини усули мубоҳисавии ҷараёни додгоҳӣ дар қонуни пешин вуҷуд надошт, вале ҳоло ин принсип риоя ва ба эътибор гирифта шудааст. Яъне, дар ҷараёни пешакии додгоҳӣ ҳам тарафи айбдоркунанда, ҳам ҷабрдида ва ҳам айбдоршаванда аз имконоти пешакии тафтишоти додгоҳӣ баробар бархурдоранд. Ӯҳдадории исбот намудани айби гумонбар ба дӯши айбдоркунанда мегузарад. Дар навбати худ шахси айбдоршаванда ӯҳдадор нест, ки бегуноҳии худро исбот кунад».

Кодекси мурофиавии ҷиноие, ки то кунун фаъол буд, дар замони Шӯравӣ дар соли 1961 мувофиқи меъёрҳои замони коммунистӣ қабул шуда буд ва то имрӯз амал мекард. Он ҳанӯз 15 сол қабл бо пешниҳоди созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва бар асоси уҳдадориҳои ҳукумати Тоҷикистони мустақили пасошӯравӣ ҷиҳати ҳифзи арзишҳои инсонӣ мебоист таъйир меёфт. Ба қавли ҳуқуқшиносон, тайи ин чанд соли ахир ҳукумати Тоҷикистон борҳо дучори танқидҳои шадиди созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва кишварҳои демократӣ шудааст. Мавзӯъи ба додгоҳ додани ваколатҳои мазкур аз мавзӯъҳои баҳсҳои ин чандсоле буд, ки акнун ҷомаи амал пӯшид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG