Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати музокиракунандаи ҳастаии Эрон ба Чин рафт


Раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон бо ҳадафи баррасии барномаи ҳастаии ин кишвар бо мансабдорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Пекин сафар кард. Зиёрати Саид Ҷалилӣ аз Чин замоне ба вуқӯъ мепайвандад, ки Чин ба баҳси ҷиддии барномаи ҳастаии Эрон бо мамолики ғарбӣ ва Русия мувофиқат кардааст. То кунун Теҳрон иқдоме раҳандозӣ накардааст, ки нигарониҳо пиромуни ҳадафи аслии барномаи ҳаставии ин кишварро рафъ намояд. Аз ин рӯ шояд Чин, кишварҳои ғарбӣ ва Русия даври навбатии тавсеаи таҳрими Эрон дар чорчӯби СММ-ро баҳс намоянд. Кишварҳои ғарбӣ ташвиш доранд, ки ҳадафи пинҳонии барномаи ҳастаии Эрон тавлиди силоҳи куштори ҷамъӣ мебошад. Қаблан Чин, ки дар Шӯрои амнияти СММ ҳаққи ветогузорӣ дорад, ба баҳси тавсеаи таҳрими Эрон майле нишон намедод. Ҳоло ба гуфти мансабдорони ғарбӣ Пекин ба арзёбии даври чоруми тавсеаи таҳрими Эрон таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Таҳрими Эрон замоне шурӯъ шуд, ки мақомоти Теҳрон барномаи зери сарпарастии СММ дар мавриди ғанигардонии уран дар хориҷ аз қаламрави ин кишварро рад намуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG