Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёде аз Усто ва Масто


Дар барномаи навбатии «Ояндасоз-мюзик» аз фаъолияти ду ҳаҷвнигори шинохта ва зиндаёди тоҷик хоҳем гуфт, ки дар фарҳанги театрии тоҷик аввалин шуда, танзро ба назм ва оҳанг даровардаанд.

Ёд дорам, ҳанӯз дар хурдӣ аваллин бор тариқи телевизион саҳнаи ҳаҷвиро дар иҷрои ду марди хушбурут тамошо кардам, ки аз мӯд шудани дандони тилло ва «ҳелло»-гӯии ҷавонон он вақт мехонданд. Ва ҳамин хонданҳову чанд саҳнаи дигари ҳаҷвӣ исми Усто ва Масто, ҳаҷвнигорони замоне маҳбубро то имрӯз миёни насли ҷавони кишвар нигоҳ доштааст. Ҳарчанд дар давоми эҷодиёташон ин ду марди зарофатгӯ наздики сад саҳнаи ҳаҷвӣ иҷро кардаанд, аммо теъдоди ками ҳунарнамоияшон рӯи навор омадаву дар бойгонии тиллоии радио ва телевизионӣ кишвар маҳфуз мондааст ва гоҳ- гоҳе намош дода мешавад.

Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев-ро, ки дар Филармонияи давлатӣ фаъолияти худро дар солҳои 63-юми қарни гузашта шурӯъ карда буданд, ҳампешагонашон ҳаҷвнигорони боғайрат мегӯянд. Зеро он замоне, ки сиёсати давр хеле сахт буд ва мардум аз сухан гуфтан меҳаросиданд, онҳо мушкилот ва камбудиҳои он вақтро тавассути дубайтиву рубоӣ бозгӯ мекарданд ва ҳамчунин ришвагирии раисони колхозҳо ва расмиятбозӣ дар коргоҳҳоро мазаммат менамуданд.



Раҷабалӣ Талабзода, корманди Филармонияи давлатӣ, ки то охирин лаҳзаҳо дар дастаи ҳунарии Усто ва Масто кор мекардааст, мегӯяд, мардум ҳамеша муштоқи ҳунарнамоии ин ду ҳаҷвнигор буданд. Ӯ мегӯяд, аксаран дар колхозҳо, деҳаҳову ноҳияҳо ва шаҳрҳо консерт медоданд ва мардум онҳоро рӯи даст мебардоштанд. Дар сафар Усто ва Масто назди мардум мерафтаанд ва аз эҷодиёти халқ ба худ навишта карда, оҳанг мебастаанд. Ба гуфтаи Раҷабалӣ Талабзода, ҳаҷвҳои Устову Масто нишонрас буд ва нафароне низ кам набуданд, ки пас аз шунидани танқид аз сӯи онҳо ислоҳ шудаанд. Аммо боз ҳам ҳолатҳое мешуд, ки барномаҳои онҳо бо идеологияи коммунистӣ мувофиқат намекард ва дар баъзе чорабиниҳо барояшон иҷозаи баромад намедоданд.

Муродалӣ Нуралиев, ҳунарманди шоистаи кишвар, мегӯяд, репертуари Устову Масто ғанӣ ва сермазмун буд. Ӯ мегӯяд, мусиқии онҳо тоҷикии кӯҳистонӣ буд ва алалкай аз оғози оҳанг маълум буд, ки Устову Масто баромад мекунанд.

Нурулло Абдулло, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, мегӯяд, дар ҳаёт ин ҳавнигорон зиндадил буданд ва ҳатто агар ҷиддӣ сухан мегуфтанд, дигарон механдиданд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, то ба имрӯз дар саҳнаи ҳавнигорӣ нафаре бар пояи онҳо нарасидааст.

Усто ва Масто дар зиндагӣ ҳамеша якҷо буданд. Дар як мактабу донишгоҳ таҳсил кардаву, дар як бино ба сар мебурданд. Ва ҳатто риштаи умри ҳарду дар авоили солҳои 80-ум дар як рӯз канда шуд. Танҳо яке пештару дигарӣ баъд аз он. Аниқтараш дар садами автомобилӣ, ки низ бо ҳам буданд, Усто мефавтад ва Масторо дар ҳолати вазнин ба беморхона мебаранд. Дар ҳамон ҷо аз забони як ҳамшира мешунавад, ки Усто ҳалок шудааст. Баъди шунидани ин хабар Масто низ ба замин меафтад.

Наздикони ин ду ҳунарманд мегӯянд, новобаста ба ҳамаи хизматҳояшон ба Усто ва Масто унвони баланд надоданд. Танҳо бо талаби мардум ба онҳо унвони ҳунарманди хизматнишондодаи СССР-ро супориданд. Дар рӯзи ҷанозаашон намояндаҳои ҳукумати ҳамондавра гуфтанд, ки «мо ба онҳо бояд унвони ҳунарманди мардумии СССР-ро медодем.» Аммо новобаста ба ин ҳама, саҳнаҳои ҳаҷвии Устову Масто то ҳанӯз маҳбуб аст ва гуфта мешавад , шояд онҳо аз аввалин ва охирин ҳунармандоне дар кишвар буданд,ки дар сатҳи баланд сурудҳои ҳаҷвиро иҷро кардаанд.
XS
SM
MD
LG