Пайвандҳои дастрасӣ

Бегоҳи якуми апрел ҷасади ду ҷавони тоҷик, ки дар таркишҳои метрои Маскав кушта шудаанд, бо ҳавопаймои ширкати ТоҷикЭйр ба Душанбе оварда шуд.

Аввал қарор буд, ин ҷасадҳо бо парвози бомдодии ТоҷикЭйр ба Душанбе мунтақил шаванд, вале ба гуфтаи кормандони фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон, ба иллати мушкил дар таҳияи асноди яке аз кушташудаҳо интиқоли ҷасадҳоро то парвози баъдӣ мавқуф гузоштанд. Аммо он мушкил ҳал нашуд ва бегоҳи якуми апрел ҷасадҳои Исломҷон Эшонов ва Умед Абдураҳмонов ба Душанбе оварда шуданд.

Аммо дар фурудгоҳ маъмурон ва нируҳои милиса ба хабарнигорон иҷозаи вудурд ба майдони ҳавоӣ наворбардориро аз ҷараёни қабули ҷанозаи ин қурбониёнро наёфтанд. Ҷасади ду шаҳарванди кушатшудаи Тоҷикистон дар фурудгоҳ ба хешовандонашон таҳвил дода шуд. Аммо қаблан аз он, ба хабарнигорони Радиои Озодӣ муяссар шуда буд, ки бо пайвандони кушташудагон сӯҳбат кунанд.

Бозоргул Бобошоева, аммаи Умед, мегӯяд, ӯ орзу дошт барои аҳли оилааш хона бунёд кунад
Бозоргул Бобошоева, амаи Умед Абдураҳмонов, мегӯяд, хонаводаи марҳум бо маблағҳои фиристодаи Умед зиндагӣ мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, Умед орзу доштааст бо пули мардикорӣ барои аҳли хонаводааш, ки дар хонаи якҳуҷрагӣ ба сар мебаранд, ҳавлӣ харида, хона бунёд кунад.

Илҳом Эшонов, амӯи Ислом Эшонови 25-солаи сокини ноҳияи Турсунзода, ба Озодӣ гуфт, бародарзодааш барои таҳсил ба Маскав сафар карда, ду сол инҷониб баъди хатми донишгоҳ дар як ширкати сохтмонӣ борбардорӣ мекардаст. Ин ҷавони марҳум охирин бор чаҳор соли пеш ба дидорбинии хонаводаш омада, то ба ин рӯз дидораш ба модару хоҳараконаш насиб нашуда будааст.

Оилаи онҳо қарор доштаанд, ки тобистони имсол ӯро хонадор кунанд, чун аллакай барояш номзад пайдо кардаву, то ба имрӯз дар тараддуди ҷашни арӯсиаш будаанд. Илҳом Эшонов гуфт, бародарзодааш фарзанди дуввум ва писари калонии хонавода буда, пайваста барои волидонаш маблағ интиқол мекардааст.





Ислом дар маҳалли таркиш ҷонашро аз даст додааст. Дӯсти донишҷӯи ӯ, Нодирбек Қаршиев бегоҳи таркиш дар бемористон ҳалок шудааст. Кушташудаи саввум Умед Абдураҳмонови 24-сола аз ноҳияи Вахш мебошад, ки ҳамагӣ ду моҳ қабл ба Маскав барои кор омада будааст.

Шаҳрдории Маскав барои хонаводаи ҳар яке аз қурбониҳо 300.000 рубли русӣ ва ҳукумати Русия як миллион рублӣ ваъдаи ёрӣ кардаанд. Хароҷоти интиқоли ҷасади ин се шаҳрванди Тоҷикистонро сафорати Тоҷикистон дар Маскав бар дӯш дорад. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ҷавонони тоҷик изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG